Аккредитатсияи ВАО барои бозиҳои мутамаркази Ҷоми КФО-2021 – Федерация Футбола Таджикистана

Аккредитатсияи ВАО барои бозиҳои мутамаркази Ҷоми КФО-2021

Ба таваҷҷӯҳи намояндагони ВАО! Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон раванди аккредитатсияи намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷиро барои инъикоси бозиҳои Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F”, ки аз 14 то 20 май дар Душанбе баргузор мешавад, оғоз мекунад. Дар мусобиқаи марказонидашуда бошгоҳҳои “Хуҷанд” (Тоҷикистон), “Насаф” (Узбекистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Олой” (Қирғизистон) ширкат меварзанд.

Ариза барои аккредитатсия бояд ҳамроҳ бо акс ба почтаи электронии s_faridun@mail.ru фиристода шавад. Дар ариза бояд ном ва навъи нашрия (васоити ахбори омма, портали интернетӣ, телевизион, радио), ному насаби рӯзноманигорон ва рақами телефони онҳо нишон дода шавад.

Аризаҳо то соати 17:00 рӯзи душанбеи 3 май қабул карда мешаванд. Дархостҳое, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда фиристода шудаанд, баррасӣ карда намешаванд!

Нишонҳои аккредитатсионӣ ба рӯзноманигорон 13 май дар нишасти матбуотии пеш аз мусобиқа дода мешаванд.

Телефонҳо барои маълумот: +992 918667387 (Фаридун Салиев).

Назари худро бинависед