Ҳайати мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон барои ширкат дар чемпионати CAFA-2023 эълон гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон барои ширкат дар чемпионати CAFA-2023 эълон гардид

Сармураббии дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон Мустафо Афшорӣ ҳайати ниҳоии дастаро ҷиҳати ширкат дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) эълон кард.

Ба ҳайати тими занонаи Тоҷикистон 14 нафар – 3 дарвозабон ва 11 бозигар шомил гардиданд.

Дар чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал, ки аз 25 то 31 январ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, тими занонаи Тоҷикистон бо мунтахабҳои Ӯзбекистон (27 январ), Эрон (28 январ) ва Қирғизистон (30 январ) бозӣ мекунад.

Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб тибқи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон барои ширкат дар чемпионати CAFA-2023:

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз «Зебонисо»);

Бозигарон: Некубахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Шамсия Хусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз «Зебонисо»), Мадина Фозилова (бе бошгоҳ), Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумъахонзода («Хатлон»), Комила Расулова (МВЗО №27 «Сокол», Москва), Марҷона Файзуллоева («Зебо», Дӯстӣ).

Сармураббӣ – Мустафо Афшорӣ (Эрон).

Назари худро бинависед