Ҳарифони тими миллии Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 зимни қуръакашӣ, ки 9 май дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, муайян мегарданд.
Мунтахаби Тоҷикистон бори дуюм дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад. Бисту чор дастаи миллӣ дар ин мусобиқа рақобат менамояд.
Дар қуръакашӣ тими мо шомили сабади сеюм аст ва дар марҳилаи гурӯҳӣ бо дастаҳои Баҳрайн, Тайланд, Чин, Фаластин ва Ветнам рӯ ба рӯ нахоҳад шуд.
Дар натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба шаш гурӯҳи иборат аз чор дастаӣ тақсим мешавад. Ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, дар баробари чор дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.
19-умин Ҷоми Осиё аз 7 январ то 5 феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.