Ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма! 4 июн дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотии пеш аз бозии дӯстона миёни мунтахабҳои миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мегардад. Оғози чорабинӣ соати 13:45 дар назар аст.
Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёни ҳарду даста – Игор Ангеловский (Тоҷикистон) ва Халид Ҷамил (Ҳиндустон), инчунин як нафар бозигар аз ҳайати ҳар як мунтахаб посух хоҳанд дод.
Пеш аз оғози нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО метавонанд аккредитатсияҳои худро барои инъикоси бозиҳои дӯстона, ки рӯзҳои 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода ва 9 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мешаванд, дастрас намоянд.