Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухлисон барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона дар моҳи ноябр муқобили тимҳои миллии Непал (13 ноябр) ва Афғонистон (19 ноябр) изҳори сипос мекунад.
Агар вохӯрӣ бо Непал 6350 тамошобинро ҷалб карда бошад, пас ба бозӣ муқобили Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе 12 350 тамошобин ҳузур овард.
Ташаккур ба ҳамаи мухлисоне, ки ба варзишгоҳ омада, дастаро дар ин ду бозӣ дастгирӣ карданд. Мо ба роҳбарони гурӯҳи мухлисони тимҳои миллии Тоҷикистон – Саъдӣ Исмоилов ва Шуҳрат Шонов, ки тибқи анъана мухлисонро дар нишастгоҳҳои шарқии варзишгоҳ ба фаъолӣ даъват мекунанд, аз самими калб миннатдорӣ баён мекунем.