Дастаи ҷавонони «Истиқлол» барандаи Ҷоми «Ҷавонӣ» гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи ҷавонони «Истиқлол» барандаи Ҷоми «Ҷавонӣ» гардид

Дастаи ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе таҳти роҳбарии мураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Қаёсов ғолиби мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ» байни дастаҳои ҷавонони лигаи олии Тоҷикистон гардид. Фонди умумии ҷоизаҳои мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар Ҷоми «Ҷавонӣ», ки дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд, ҳамаи даҳ дастаи ҷавонони чемпионати Тоҷикистон ширкат карданд.

Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм ҷавонони КМВА-и пойтахт бар дастаи эҳтиётии «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Дар вохӯрии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дастаҳои ҷавонони «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Истиқлол»-и пойтахт бо ҳам нерӯ санҷиданд. Бозӣ бо ҳисоби 3:2 бо пирӯзии дастаи ҷавонони «Истиқлол» анҷом ёфт.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, дабири кулли ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, директори Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси Кумитаи назорату интизомии ФФТ Тоҳир Нурзода иштирок доштанд.

Нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе Паҳлавон Баҳризода беҳтарин бозигари финали мусобиқот дониста шуд. Ғолиби мусобиқа дастаи «Истиқлол» бо маблағи 30 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд. Ба иштирокчии бозии ниҳоӣ – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ КМВА-и пойтахт 10 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

 

Ҷоми «Ҷавонӣ»-2022

Бозӣ барои ҷойи сеюм

КМВА – «Эсхата» – 1:0

Гол: Асадбек Ҷӯрабекзода, 86.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА).

30 июл. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 150 тамошобин.

 

Бозии ниҳоӣ

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 2:3

Голҳо: Саидалӣ Иброҳимов, 2 (0:1). Маҳмадраҷаб Қандов, 39 (1:1). Паҳлавон Баҳризода, 53 (1:2). Абдулвосид Ашӯров, 74 (1:3). Ойбек Усмонов, 90+4 (2:3).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Паҳлавон Баҳризода («Истиқлол»).

30 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

Назари худро бинависед