Имрӯз, 13-уми апрел, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар масими нав дувоздаҳ даста – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Саройкамар» (Панҷ), «Исфара» (Исфара), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Ҳулбук» (Восеъ), «Моҳир» (Ёвон), «Равшан» (Зафаробод), «Ҳосилот» (Фархор), «Динамо» (Душанбе) ва «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) иштирок мекунанд. Мусобиқа дар ду қисм баргузор хоҳад шуд.
Мувофиқи рақамҳои тартибӣ, ки дастаҳо ҳангоми қуръакашӣ кашиданд, тақвими бозиҳои мусобиқа тартиб дода мешавад.
Тибқи низоми Бергер, дар даври аввали лигаи якуми Тоҷикистон, ки рӯзҳои 24-25 апрел баргузор мешавад, дастаҳо ба тартиби зайл вомехӯранд:
«Ҳосилот» (Фархор) – «Равшан» (Зафаробод)
«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)
«Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
«Саройкамар» (Панҷ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Исфара» (Исфара) – «Динамо» (Душанбе)
«Ҳулбук» (Восеъ) – «Моҳир» (Ёвон)
Ёдрас мешавем, ки мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон-2021 рӯзи 24 апрел оғоз мешавад. Тибқи Низомнома аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст ду дастаи мақомҳои аввали ҷадвали мусобиқа соли оянда дар лигаи олии Тоҷикистон баромад мекунанд.