Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ширкент” дар шаҳри Турсунзода курси ФИФА – «FIFA/MA Refereeing course» барои доварони футболи Тоҷикистон оғоз шуд.
Дар тӯли панҷ рӯз устодони ФИФА Фарҳод Абдуллоев ва Юлия Тарасова аз Узбекистон барои доварони футболи Тоҷикистон дарсҳои назариявӣ ва амалӣ хоҳанд гузаронд. Дар курсҳои доварон устодон аз Тоҷикистон – Равшан Ишматов, Аҷмал Амиров ва Кристина Пронженко, инчунин 31 нафар доварони футбол ширкат меварзанд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ширкат намуда, меҳмононро самимона хайра мақдам гуфт. Зимни суханронӣ дар назди иштирокчиён ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ин курсҳо ба шунавандагон имконият фароҳам меоранд, ки на танҳо дониши худро такмил диҳанд, балки инчунин барои рушди минбаъдаи касбӣ саъй кунанд.