Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрии кории роҳабарони Федератсяи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи мамлакат бо намояндагони дастаҳои футболи лигаи олии кишвар баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки ду соат тӯл кашид, онҳо масъалаҳои кунунии кори ЛФТ бо клубҳо, мавзуи аз сари нав оғоз гаштани чемпионати Тоҷикистон, тавсияҳои Конфедератсияи футболи Осиёро оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳои клубҳо дар системаи CLAS, баргардонидани легионерҳоро ба ҳайати дастаҳо ва ҳамчунин риояи меъёрҳои санитарӣ ва гигиенӣ дар давраи пандемияи коронавирус таҳлилу баррасӣ карданд.
Мулоқот дар фазои гарм ва дӯстона баргузор гардид ва дар ҷараёни он ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳимро муҳокима намуданд.