Имрӯз, 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2020 доир гардиданд.
Дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, намояндаи Лигаи якуми мамлакат, бо дастаи “Душанбе-83”-и шаҳри Душанбе, ки имсол барои бори аввал ба ҳаққи иштирок дар Лигаи олии Тоҷикистон шарафёб гардидааст вохӯрда, бо ҳисоби калони 4:1 пирӯз гардид.
Голҳои дастаи “Равшан”-ро Саидхони Амрохон (15), Наврӯз Рустамов (22, 67) ва Далер Шомуродов (25) ба ҳадаф расониданд. Голи ягонаи дастаи шаҳри Душанберо Парвиз Ҳамидов зад.
Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бар КМВА ВМ ҶТ бо ҳисоби 3 бар 1 зафар ёфт.
Голҳои дастаи ноҳияи Рӯдакиро Бунёд Шодиев (55), Муҳиддин Одилов (69) ва Муҳсин Абдуғаффоров (85) ба нишон заданд. Голи ягонаи мудофиачиёнро бошад, дар дақиқаи 57-уми вохӯрӣ Парвиз Кашкаров зад.
Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми ФФТ-2020, ки рӯзи якшанбеи 1-уми март, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад, дастаҳои “Равшан” ва “Кӯктош” рақобат мекунанд. Инчунин, дар ин рӯз пеш аз бозии ниҳоӣ ду дастаи шаҳри Душанбе – КМВА ВМ ҶТ ва «Душанбе-83» барои ҷои сеюм бо ҳам вомехӯранд.