Кумитаи тиббии Федератсияи футболи Тоҷикистон самтҳои асосии фаъолияти худро муайян кард – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи тиббии Федератсияи футболи Тоҷикистон самтҳои асосии фаъолияти худро муайян кард

Дар толори Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов ҷаласаи кумитаи тиббӣ баргузор гардид.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба рушди тибби футбол, ҳифзи саломатии футболбозон, таъмини тиббии дастаҳо ва пешгирии ҷароҳатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни ҷаласа ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов таъкид кард, ки таъминоти тиббӣ яке аз бахшҳои муҳими футболи муосир ба ҳисоб меравад.

«Саломатӣ ва бехатарии футболбозон бояд яке аз самтҳои асосӣ боқӣ монад. Имрӯз зарур аст, ки на танҳо ба табобати ҷароҳатҳо, балки ба пешгирии онҳо, ташхиси саривақтӣ, барқарорсозии босифати бозигарон ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони тиббӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад», – гуфт Искандар Ҷалилов.

Ҳамчунин масъалаҳои такмили минбаъдаи низоми хизматрасонии тиббӣ ба дастаҳои мунтахаб ва дастаҳои футболи кишвар баррасӣ шуданд.

Аъзои Кумитаи тиббии ФФТ нақшаҳои баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва машғулиятҳои амалӣ барои табибон, маҳсгарон ва физиотерапевтҳое, ки дар дастаҳои мунтахаб ва клубҳои футболи Тоҷикистон фаъолият мекунанд, муҳокима карданд.

Роҳбари шуъбаи тиббии ФФТ Фаррух Авезов ба иштирокчиёни ҷаласа қоидаҳои амалкунандаи Агентии ҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) ва зарурати пурзӯр намудани назорат аз болои истифодаи доруҳо ва иловаҳои ғизоии манъшударо ёдрас намуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи Кумитаи тиббии ФФТ муайян карда шуданд.

Назари худро бинависед