Дар шаҳри Душанбе семинари таълимӣ-методӣ оид ба омодагии ҷисмонии дастаҳои наврасон (U-14 ва U-16) баргузор гардид, ки ба равишҳои муосири рушди бозигарон ва ташкили раванди тамрин бахшида шуда буд.
Семинарро мутахассиси белорусӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ Сергей Кубарев гузаронд. Иштирокчиён истифодаи бозиҳоро дар ҳайатҳои хурд, талаботи муосир ба омодагии ҷисмонии футболбозони наврас, инчунин намунаҳои машқҳоро дар шаклҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба машғулиятҳои бозӣ бо тӯб зоҳир гардид, ки онҳо имкон медиҳанд сифатҳои ҷисмонӣ, маҳорати техникӣ ва тафаккури тактикии футболбозон рушд дода шаванд.
Ин семинар ба майдони мубодилаи таҷриба, баррасии усулҳои муосири омодасозӣ ва дарёфти роҳҳои муассир ҷиҳати баланд бардоштани сифати омодасозии футболбозони ҷавон табдил ёфт.