Мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро ишғол мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро ишғол мекунад

Тими миллии Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандии нави ФИФА, ки дар сомонаи расмии созмон нашр шуд, беҳтар кард.

Дар муқоиса бо раддабандии қаблӣ, тими миллии мо ду зина боло рафта, ҳоло бо касби 1224,19 имтиёз дар мақоми 101-уми ҷаҳон қарор дорад.

Миёни дастаҳои мунтахаби қораи Осиё Тоҷикистон дар зинаи 18-ум ҷойгир аст.

Бозии навбатии мунтахаби Тоҷикистон моҳи сентябр муқобили яккачини Озарбойҷон баргузор мешавад. Ин дидор дар шаҳри Боку доир мегардад.