Мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии нав Игор Ангеловский дар бозии дӯстонаи якум бар тими миллии Ҳиндустон пирӯз шуд.
Ин вохӯрӣ имрӯз, 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор гардида, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт.
Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Шериддин Бобоев, Меҳрубон Каримов ва Эҳсони Панҷшанбе ба самар расониданд.
Бозии навбатии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон рӯзи 9 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.