Имрӯз, 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад. Оғози вохӯрӣ – соати 20:00.
Ин нахустин рақобат барои сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский хоҳад буд.
Нархи чипта барои ҳама намуди нишастгоҳҳои варзишгоҳ 20 сомониро ташкил медиҳад.
Ба «ТАЛКО-Арена» омада, мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ намоед! Биёед якҷоя дар варзишгоҳ фазои фаромӯшнашаванда эҷод кунем!