Тими миллии Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баромад! – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баромад!

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфт ва акнун бо ғолиби ҷуфти Ироқу Урдун нерӯ месанҷад.

 

Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 30-юм пас аз партофти Зоир Ҷӯрабоев ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 90+5 футболбозони Амороти Муттаҳидаи Араб бо ташаббуси Халифа Муборак Ал-Ҳаммадӣ таносубро барқарор карданд. Мухдисон дар ду қисмати изофӣ шоҳиди гол нагардиданд. Дар силсилазарбаҳои пеналти бахт ба рӯйи дастаи Тоҷикистон хандид – 5:3. Дарвозабони дастаи мо Рустам Ятимов яке аз зарбаҳои футболбозони яккачини АМА-ро баргардонд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт ва акнун рӯзи 2 феврал бо ғолиби ҷуфти дастаҳои Ироқу Урдун бозӣ хоҳад кард.

 

🏆 Ҷоми Осиё-2023

Даври 1/8 ниҳоӣ

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇦🇪 АМА – 1:1. Аз рӯи силсилаи пеналти – 5:3

️ Голҳо: Ваҳдат Ҳанонов, 30 (1:0). Халифа Муборак Ал-Ҳаммадӣ, 90+5 (1:1).

🇹🇯 Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Алишер Шукуров, Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Табрез Исломов, 85), Шервонӣ Мабатшоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 85), Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 72), Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 72).

🔝 Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ваҳдат Ҳанонов (🇹🇯 Тоҷикистон).

🏟 28 январ. Доҳа. Варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ. 33 584 тамошобин.

Назари худро бинависед