Лигаи футзали Тоҷикистон санаи баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард.
Бозии ифтитоҳии мавсим миёни қаҳрамони феълии кишвар «Соро компания»-и Душанбе ва барандаи медали нуқра «Сипар»-и Хуҷанд 14 май баргузор мешавад. Ин дидор дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Оғози рақобат соати 18:00 дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор шуда, дар он «Соро компания» бар «Сипар» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.
Суперҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал
14 май (шанбе)
Оғоз – соати 18:00
«Соро компания» – «Сипар»
Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон