Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Уммон бозии аввалини дӯстонаашро баргузор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Уммон бозии аввалини дӯстонаашро баргузор кард

Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар шаҳри Масқат бо ҳамсолони худ аз Уммон бозии аввалини дӯстонаашро анҷом дод.

Вохӯрӣ имрӯз, 3 октябр, дар варзишгоҳи Султон Қобус баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони Уммон ба анҷом расид.

Бозии дуюми дӯстона байни тимҳои олимпии Уммон ва Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 6 октябр, баргузор мешавад.

Назари худро бинависед