Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими Урдун мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими Урдун мусовӣ кард

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.

Вохӯрӣ имрӯз, 5 октябр дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Дилафрӯз Абдикаримова ба самар расонд.

Дар бозии дигари гурӯҳ футболбозони Кореяи Ҷанубӣ бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби калони 16:0 пирӯз шуданд.

Дар даври дуюм 8 октябр мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон бо тими Кореяи Ҷанубӣ вомехӯрад. Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед