Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев дар бораи омодагии даста ба бозии дӯстона бар зидди дастаи Чин изҳори назар кард. Вохӯрӣ рӯзи 6 октябр дар шаҳри Чунтсини Чин баргузор мешавад.
«Пас аз бохт аз Фаластин, ки ба он сазовор набудем, хулосаҳои зарурӣ баровардем. Ҳоло бояд ба пеш ҳаракат кунем. Ба фикрам, моро бозии ҷолибе бар зидди Чин интизор аст. Онҳо дастаи хуб доранд ва бо услуби хоси худ бозӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ аз нигоҳи омодагӣ барои мо аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, мехоҳем бозии арзанда нишон дода, ба натиҷаи мусбат ноил шавем.
Албатта, пас аз бозиҳои қаблӣ барои мо муҳим аст, ки хатоҳоямонро ислоҳ кунем. Ба фикрам, даста ба ин вохӯрӣ омода аст. Кӯшиш мекунем, ки супоришҳои ҳайати мураббиёнро иҷро карда, дар майдон тамоми он чизеро нишон диҳем, ки дар тамринҳо болои онҳо кор кардаем», – гуфт Парвизҷон Умарбоев.