Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский интизориҳои худро аз бозии дӯстона бар зидди яккачини Чин баён кард. Ин вохӯрӣ 6 октябр дар шаҳри Чунтсини Чин баргузор мешавад.
«Дар ду бозии охир мо аз нигоҳи оморӣ ва тактикӣ дар сатҳи рақибонамон қарор доштем. Дар бозӣ бо Фаластин мо ба натиҷаи мусбат наздик будем, аммо корти сурхи беасос сохтори баромади моро комилан вайрон кард. Бачаҳо бо ҷидду ҷаҳд мубориза бурданд, вале нисбати мо беадолатона қарор қабул шуд.
Рақобатҳо бо Озарбойҷон ва Фаластин имконияти хубе буданд, то ба ҳамаи футболбозони даъватшуда вақти бозӣ диҳем. Барои ман муҳим буд, ки имкониятҳои ҳар як бозигарро дар бозиҳои мураккаби байналмилалӣ ба таври дақиқ маълум кунам ва барои даста захираи воқеии бозигаронро ба вуҷуд оварам.
Ҳоло мо ба омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2027 тамаркуз кардаем, на ба таблиғи натиҷаи зоҳирӣ. Албатта, ба нақша гирифтани бозиҳо бо рақибони заиф, ба даст овардани ғалабаҳои осон ва пинҳон шудан дар паси омори фиребанда хеле осон мебуд. Аммо ин мушкилоти моро ҳал намекунад. Мо қасдан рақибони пурқувватро интихоб кардем, то имкониятҳои воқеии худро бисанҷем ва дастаро ба мусобиқаи сатҳи олӣ омода созем.
Ҳамчун сармураббӣ ман масъулияти пурраи натиҷаҳои ин давраи бозиҳои дӯстонаҳоро ба дӯш мегирам. Ман аз футболбозонам қатъиян ҳимоят мекунам. Ин даста дорои хислати қавӣ ва фазои хуби дастаҷамъӣ мебошад. Ман медонам, ки онҳо пагоҳ бо сари баланд ба майдон мебароянд ва барои муборизаи воқеӣ омода хоҳанд буд», – гуфт сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский.