Суперҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои «Соро компания» – «Сипар» 14 май дар Душанбе барпо мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

Суперҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои «Соро компания» – «Сипар» 14 май дар Душанбе барпо мегардад

Лигаи футзали Тоҷикистон санаи баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард.

Бозии ифтитоҳии мавсим миёни қаҳрамони феълии кишвар «Соро компания»-и Душанбе ва барандаи медали нуқра «Сипар»-и Хуҷанд 14 май баргузор мешавад. Ин дидор дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Оғози рақобат соати 18:00 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор шуда, дар он «Соро компания» бар «Сипар» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.

 

Суперҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал

14 май (шанбе)

Оғоз – соати 18:00

«Соро компания» – «Сипар»

Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назари худро бинависед