Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюми Ҷоми ҷаҳон-2026 бо Хорватия бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюми Ҷоми ҷаҳон-2026 бо Хорватия бозӣ мекунад

23 ноябр мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми худро дар Ҷоми ҷаҳон-2026 баргузор мекунад.

Дар гурӯҳи «F» рақиби дастаи мо мунтахаби Хорватия хоҳад буд, ки дар оғози мусобиқа бо тими Сенегал мусовӣ (1:1) кард.

Вохӯрӣ дар майдони №9-и маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед