Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми худро дар чемпионати ҷаҳон-2026 анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми худро дар чемпионати ҷаҳон-2026 анҷом дод

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми худро дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон-2026, ки дар Қатар ҷараён дорад, анҷом дод.

Дар бозии даври дуюми гурӯҳи «F» дастаи мо аз мунтахаби Хорватия бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Сенегал рӯ ба рӯ мешавад. Ин вохӯрӣ 26 ноябр соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Барои дастаи мо ин бозӣ дар мубориза барои роҳ ёфтан ба марҳилаи навбатии мусобиқа ҳалкунанда хоҳад буд.

Назари худро бинависед