Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон-2026 бо тими миллии Сенегал мусовӣ – 1:1 кард.

Бозӣ имрӯз, 26-уми ноябр дар маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа баргузор гардид. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин дидор Меҳрубон Одилзода ба самар расонд.

Наврасони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳӣ 4 имтиёз ба даст оварда, роҳхати марҳилаи 1/16-ниҳоии чемпионати ҷаҳон-2026-ро соҳиб шуданд.

Назари худро бинависед