Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Игор Суров дар гурӯҳи «F» мақоми сеюмро ишғол намуда, бо касби 4 имтиёз роҳхати марҳилаи 1/16-ниҳоии чемпионати ҷаҳон-2026-ро ба даст овард.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ футболбозони тоҷик бо мунтахабҳои Куба (5:3), Хорватия (0:4) ва Сенегал (1:1) рақобат карданд. Дар ин вохӯриҳо шогирдони Игор Суров азму иродаи қавӣ нишон дода, то охирин лаҳза мубориза бурданд.
Ҳарифони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи 1/16-ниҳоӣ пас аз анҷоми бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ, ки шоми имрӯз баргузор мешаванд, муайян мегардад.
Мунтахаби Тоҷикистон маротибаи чорум дар таърихи худ дар чемпионати ҷаҳон миёни наврасон иштирок мекунад. Бори охир футболбозони тоҷик 19 сол пеш дар чемпионати ҷаҳон-2007 аз марҳилаи гурӯҳӣ баромада, то даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфта буданд.