Имрӯз, 6 октябр мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои ФИФА-и тирамоҳӣ сеюмин бозии дӯстонаи худро баргузор мекунад.
Ҳарифи дастаи мо дар ин дидор мунтахаби Чин хоҳад буд, ки дар рейтинги кунунии ФИФА мақоми 94-умро ишғол мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Longxing Football Stadium»-и шаҳри Чунтсин соати 19:35 ба вақти маҳаллӣ (16:35 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Дар сатҳи мунтахабҳои миллӣ дастаҳо қаблан панҷ маротиба бо ҳам вохӯрдаанд. Дар се бозӣ пирӯзӣ насиби мунтахаби Чин шудааст ва ду дидори дигар бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтаанд.
Охирин вохӯрии дастаҳо дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар баргузор шуда буд. Он дидор бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид.