Дар арафаи баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, имрӯз, 3 апрел, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон машварати пеш аз бозӣ баргузор шуд.
Дар машварат Ноиби президенти Федератсия футбола Тоҷикистон Алишер Урунов, комиссари бозӣ Беҳрӯз Айниддинзода, нозири доварон Раҳимҷон Шарипов, намояндагони хадамоти масъули ташкилу баргузории бозӣ, инчунин намояндагони дастаҳои футболи “Истиқлол” ва “Хуҷанд” ширкат намуданд.
Дар рафти машварат масъалаҳои марбут ба ташкилу баргузории бозӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, инчунин ранги либоси бозикунии дастаҳо муқаррар шуд. Ба ин тартиб, “Истиқлол” бо либосҳои рангашон сурх ва дастаи соҳили Сирдарё бошад, бо либосҳои кабуд вориди рақобат мешаванд.
Мутобиқи Низомномаи баргузории бозӣ барои Суперҷом агар дар вақти асосии вохӯрӣ ғолиб муайян нашавад, он гоҳ ду қисми иборат аз 15 дақиқагӣ таъин карда мешавад. Дар сурати дар вақти иловагӣ ҳам маълум нашудани ғолиб, мутобиқи қоидаҳои муқарарнамудаи ФИФА силсилазарбаҳои пеналтӣ зада мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон байни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бе иштироки тамошобинон рӯзи 4 апрел, соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Мухлисони футбол имкон доранд, ки тавассути Шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” ба таври мустақим бозиро тамошо кунанд.
Суперҷоми Тоҷикистон-2020
4 апрел (шанбе)
Оғоз соати 17:00
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Ёварони сардовар: Акмал Буриев (Турсунзода), Исмоил Нуралиев (Норак).
Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Нозири доварон: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ