«Соро компания» – «Сипар»: суперҷоми Тоҷикистон-2022-ро кӣ соҳиб мешавад? – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» – «Сипар»: суперҷоми Тоҷикистон-2022-ро кӣ соҳиб мешавад?

Дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе имрӯз, 14 май, бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал байни дастаҳои «Соро компания»-и пойтахт ва «Сипар»-и Хуҷанд баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 18:00 оғоз шуда, тавассути шабакаи телевизионии «Варзиш» ба таври мустақим намоиш дода мешавад.

Дар остонаи ин бозӣ дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе бо ширкати намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футзали кишвар, масъулони бозии Суперҷом, намояндагони «Соро компания» ва «Сипар» ҷаласа баргузор шуд.

Сипас нишасти матбуотии пеш аз бозӣ доир гардид, ки дар он сармураббии «Соро компания» Пайрав Воҳидов, капитани бошгоҳи пойтахт Файзалӣ Сардоров, сармураббии «Сипар» Валиҷон Валиев ва бозигари тими Хуҷанд Иқбол Воситзода ба суолҳои намояндагони васоити ахбори умум посух доданд.

Пайрав Воҳидов, сармураббии «Соро компания»: 

– Дастаи мо имсол барои ҳимояи унвони худ тамоми қуввашро сарф мекунад. Пеш аз оғози мавсим, ҳайати мо каме нав карда шуд. Аз легионерҳои эронӣ мо шартномаро бо дарвозабон Маҳдӣ Мустафоӣ ва Муҳсин Муҳаммадзода тамдид кардем. Азбаски чемпионати Осиё миёни бошгоҳҳо, ки мебоист дар он ширкат мекардем, лағв шуд, тамоми таваҷҷуҳи худро ба мусобиқоти дохилӣ равона хоҳем кард.

 

Файзалӣ Сардоров, капитани «Соро компания»: 

– Тамоми мухлисони футзали Тоҷикистонро бо оғози мавсими нав табрик мегӯям. Бозии дарпешистода осон нахоҳад буд. Сарфи назар аз он ки ҳайати «Сипар» нав шудааст, даста бо мо муборизаи шадид мебарад. Мо кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон дода, мухлисони худро шод гардонем.

Валиҷон Валиев, сармураббии «Сипар»:

– Дар соли ҷорӣ ҳайати «Сипар» куллан тағйир ёфт. Нисфи ҳайати мавсими гузашта аз қабили Фирӯз Бекмуродов, Дилшод Саломов, Алишер Сафаров, Рустам Ҳамидов, Шоҳруҳ Ҳамидов ва ҳамчунин легионерҳо рафтанд. Илова бар ин, Парвиз Раҳматов ба дастаи фаронсавӣ гузашт. Баъди ба охир расидани шартнома Евгений Осинтсев тарки мақоми сармураббигӣ кард. Бо вуҷуди ҳама мушкилот мо бо чаҳор легионер аз Эрон ва чанд бозигари маҳаллӣ шартномаи нав имзо кардем. Кӯшиш мекунем, ки Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст орем.

Иқбол Воситзода, бозигари «Сипар»: 

– Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон барои мо осон нахоҳад буд. Мо инро медонем, вале бо вуҷуди ин, дарк мекунем, ки барои ба даст овардани Ҷом тамоми кӯшишро ба харҷ додан лозим аст.

Назари худро бинависед