Рақибони тими миллии бонувони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян гаштанд – Федерация Футбола Таджикистана

Рақибони тими миллии бонувони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян гаштанд

Рақибони дастаи мунтахаби бонувони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум гаштанд

Дар қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 тими Тоҷикистон шомили гурӯҳи «С» шуда, бо дастаҳои Австралия, Тайпэйи Чин ва Фаластин рақобат хоҳад кард. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «С» аз 6 то 10 август дар Душанбе баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20-сола дар маҷмуъ 33 даста ширкат мекунанд, ки ба ҳашт гурӯҳ тақсим шуданд: як гурӯҳ аз панҷ даста ва ҳафт гурӯҳ аз чаҳор дастаӣ иборат аст.

Бояд гуфт, ки ғолибони гурӯҳ ва се дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Назари худро бинависед