Дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/25 баргузор шуд, ки дар он бошгоҳҳои Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб рақибони худро муайян намуданд.
Дар натиҷаи қуръакашӣ қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол» шомили гурӯҳи «С» шуд. Рақибони бошгоҳи шаҳри Душанбе дастаҳои «Сипоҳон» (Эрон), «Шарҷа» (АМА) ва «Ал-Ваҳдат» (Урдун) гардиданд.
Барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон-2023 «Равшан»-и Кӯлоб дар гурӯҳи «А» бо бошгоҳҳои «Ал-Вақра» (Қатар), «Трактор» (Эрон) ва «Моҳун Баган» (Ҳиндустон) бозӣ мекунад.
Бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбад.