Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G»-ро муқобилм тими миллии Урдун бо либосҳои сурх анҷом медиҳад.
Имрӯз, 5-уми июн дар шаҳри Аммон бо иштироки масъулин – комиссари бозӣ, нозири доварон, кумитаи тадорукоти маҳаллӣ, намояндагони дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон ҷаласа доир гардид, ки дар он ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо либосҳои сурх ва мизбонон, тими миллии Урдун бо либосҳои сафед ба майдон мебароянд.
Қобили зикр аст, ки бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни тимҳои миллии Урдун ва Тоҷикистон рӯзи 6 июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон сурат гирифта, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.