Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Минск гардид.
Дастаи мо дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Русия бо ҳисоби бузурги 3:0 пирӯз шуд. Абубакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров ба задани гол даст ёфтанд.
Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт «Ҷоми рушд-2023»-ро ҷамъбаст кард. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуданд.
🏆 Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023»
🥉 Бозӣ барои ҷойи сеюм
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-17) – Русия (U-16) – 3:0
⚽️ Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 42 (1:0). Ориёнмеҳри Нуриддин, 72 (2:0). Масрур Ғафуров, 79 (3:0).
🏟 11 феврал. Толори футболи Минск.