Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади таълимӣ мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади таълимӣ мегузаронад

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 15-уми июн то 2-юми июл дар Тайланд баргузор мешавад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимӣ мегузаронад.

Барои ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 15 то 30-юми март дар Даммам доир мешавад, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов 27 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват кардааст. Дар Арабистони Саудӣ наврасони мо чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки рақибони мунтахаби Тоҷикистон (U-17) дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 30 март зимни қуръакашӣ, ки дар Бангкок баргузор мешавад, маълум хоҳанд шуд.

Пас аз натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон дар Таиланд чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон- 2023 дар Перу мегардад.

 

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Сунатулло Исмоилов, Муҳаммад Абдулҳадов, Абубакр Маҳмудов;

Ҳимоятгарон: Баракатулло Нигматуллозода, Шеравган Саидов, Қамариддин Ғаффорзода, Диловар Ҷамшедзода, Рустам Камолов, Амири Фарҳод; 

Нимҳимоятгарон: Абубакр Саидов, Меҳрубон Ҳамидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтовар Ғаюров, Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абдусатторӣ, Муҳаммад Қурбонов, Ҷовидон Хушвахтов, Миқдод Розиқов, Хоҷӣ Абдуманон, Шаҳбон Наимов, Муродҷон Ҷалилзода, Шерзод Қаҳҳоров;

Ҳамлагарон: Ориёнмеҳри Нуриддин, Билол Бобоев, Раббонӣ Камолов, Масрур Ғафуров, Юнус Исматуллоев.

Сармураббӣ – Раҳматулло Фузайлов.

Назари худро бинависед