Дар доираи нақшаи раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «FIFA Talent Development Scheme» (TDS) дар Душанбе барои мураббиёни Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) ва Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (ММВЗО) семинар баргузор гардид.
Мавзӯъҳои асосии чорабинӣ ба рушди футболбозони ҷавон, ҷорӣ намудани методологияи ягонаи омодасозии бозигарон ва такмили низоми дарёфти истеъдодҳои футболӣ бахшида шуданд.
Семинарро директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков ва мураббии ФИФА оид ба рушди истеъдодҳо Грег Бриттон баргузор намуданд.
Дар ҷараёни семинар ба иштирокчиён натиҷаи таҳлили бозиҳои Лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» пешниҳод гардида, инчунин баромади мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар Қатар мавриди таҳлили муфассал қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, мутахассисон равишҳои муосири рушди футболбозони ҷавон ва роҳҳои ҷорӣ намудани методологияи ягонаи омодасозии бозигаронро баррасӣ карданд.
Дар бахши амалии семинар мутахассисони раёсати техникии ФФТ якҷо бо мураббиёни МҶМОВ ва ММВЗО машғулиятҳои дарёфт ва баҳогузории футболбозони болаёқатро баргузор намуданд.