Ҳайати васеи тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати васеи тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр

Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати васеи дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон кард.

Дар рӯзҳои ФИФА-и моҳҳои сентябр ва октябр тими миллии Тоҷикистон се бозии дӯстона баргузор мекунад. Рӯзи 23 сентябр мунтахаби мо дар шаҳри Боку бо тими миллии Озарбойҷон рақобат мекунад. Дар аввали моҳи октябр мунтахаби Тоҷикистон дар сафар боз ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба ҳайати васеи мунтахаби Тоҷикистон 38 футболбоз шомил шудаанд: 4 дарвозабон, 12 ҳимоятгар, 16 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар. Аз ин шумора 26 бозигар барои иштирок дар ҷамъомади таълимию тамринӣ, ки рӯзи 17 сентябр оғоз мешавад, даъват хоҳанд шуд.

Ба далели ҷароҳат дар бозиҳои дӯстонаи дарпешистода ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров ва нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов иштирок карда наметавонанд.

Назари худро бинависед