Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Бейрут бозии дуюми санҷишии худро баргузор намуд. Рақиби дастаи мо тими ҷавонони Лубнон буд.
Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид. Аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Азизбек Муротов ва Асадбек Махтумов ба задани гол муваффақ шуданд.
Ҷамъомади таълимию тамринии даста дар Бейрут то 28 август идома меёбад. Пас аз анҷоми он мунтахаби ҷавонон ба Манама сафар карда, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 иштирок мекунад.
Дар доираи марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «D» мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Баҳрайн (31 август), Афғонистон (3 сентябр) ва Урдун (6 сентябр) бозӣ мекунад.
Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва инчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм роҳхат мегиранд.