Ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев ҳайати дастаро барои иштирок дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Баҳрайн баргузор мешавад, муайян кард.
Ба ҳайати даста 23 футболбоз шомил шудаанд – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар.
Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «D» аз 31 август то 6 сентябр дар шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор мешаванд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар доираи марҳилаи интихобӣ бо дастаҳои Баҳрайн (31 август), Афғонистон (3 сентябр) ва Урдун (6 сентябр) рақобат мекунад.