Ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ Варзишгоҳи миллии нави пойтахтро (Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) мавриди истифода қарор доданд.

Дар даромадгоҳи асосии варзишгоҳ ба хотири арҷгузорӣ ба заҳмату ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бунёди Варзишгоҳи миллӣ ва рушди футболи муосири тоҷик беназир аст, фаввора – конструксияи соядасти Президенти кишвар дар шакли арт-объект аз пӯлоди зангногир ва баландсифат, тарҳрезӣ ва насб гардидааст.

Ин натанҳо як унсури ороишӣ, балки як қисми таърихи бунёди Варзишгоҳи миллӣ ба ҳисоб рафта, солҳои тулонӣ ҳамчун рамзи асосии бунёди Варзишгоҳи миллӣ нигоҳ дошта мешавад.

Иншооти боҳашамати варзишӣ дар майдони 9,5 гектар доман густурда, намунаи барҷастаи сохтмони муосири кишварамон ба шумор меравад.

Варзишгоҳ дорои беш аз 30 000 ҷойи нишаст буда, аз 2 сатҳ иборат мебошад. Дар сатҳи поёнӣ беш аз 12 ҳазор ва сатҳи болоӣ 18 ҳазор ҷои нишаст мавҷуд аст.

Иншоот мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии ФИФА бунёд шуда, ба категорияи 2-юми байналмилалӣ ворид мегардад. Варзишгоҳ бо ин шаҳомат ҳуқуқи қабули бозиҳои сатҳи баланди клубӣ ва мусобиқаҳои байналмилалиро дорад.

Барои воридшавии бехатари мухлисон, варзишгоҳ бо 68 турникети муосир ва электронии байналмилалӣ муҷҷаҳаз шудааст.

Барои осонии ҳаракат ва идоракунии дуруст, бино ба 4 қисми асосӣ тақсим шудааст.

Сохтори дусатҳаи трибунаҳо ва ин турникетҳо маҳз барои амният, пешгирии издиҳом ва зуд баровардани тамошобинон аз рӯи меъёрҳои бехатарии ФИФА лоиҳакашӣ шудааст.

Масоҳати зери сохтмони бино 27 000 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати умумии он зиёда аз 42 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Баландии иншоот 33 метр буда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат аст.

Дар маркази варзишгоҳ майдони муосири футбол бо масоҳати 7 140 метри мураббаъ қарор дорад. Андозаи майдони бозии он 105 ба 68 метрро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда ба талаботи ҳатмии ФИФА барои тамоми бозиҳои байналмилалӣ ва Ҷоми Ҷаҳон мутобиқ мебошад.

Андозаи умумии майдони варзишӣ бошад, 130 ба 87 метрро ташкил медиҳад, ки ин ҳам мувофиқи меъёрҳои ФИФА барои минтақаҳои амниятӣ ва техникӣ дар атрофи майдон фазои бехатарро таъмин мекунад.

Ҷараёни бозиҳо тавассути ду монитори бузурги LED ҳар кадомаш дар ҳаҷми 133 метри мураббаъ дар варзишгоҳ намоиш дода мешавад. Мониторҳо, ҳамчунин, барои намоиши такрории наворҳо ва маълумоти бозӣ тибқи стандарти ФИФА хидмат мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки сифати баргузории бозиҳо ва пахши мустақими телевизиониро таҷҳизоти пуриқтидор таъмин менамоянд.

Майдони варзиш дорои 312 прожектори муосир ва пурқувват аз ширкати Philips мебошад, ки талаботи ҳатмии ФИФА-ро барои равшании якхела ва пахши бозиҳо бо сифати баланди HD ва 4K иҷро мекунад.

Системаи овозӣ ва акустика ҷузъи дигари иншоот аст. Варзишгоҳ бо 88 колонкаи касбии баландгӯяк аз ширкати BOSS муҷаҳҳаз шудааст, ки паҳншавии тозаи овозро дар тамоми трибунаҳо кафолат медиҳад.

Мавҷудияти 66 дастгоҳи равшанидиҳанда имкон медиҳад, ки дар варзишгоҳ шоу-барномаҳои бузург ва маросимҳои кушодашавии сатҳи байналмилалӣ бо эффектҳои махсуси рӯшноӣ баргузор карда шавад.

Дар варзишгоҳ 50 камераи назоратӣ ва 10 камераи одӣ, ки талаботи ҳатмии ФИФА-ро барои сабт ва пахши бозиҳо бо сифати баланди HD ва 4K иҷро мекунад, насб карда шудааст.

Системаи бехатарии варзишгоҳ низ таъмин буда, бино барои назорати сухтор бо таҷҳизоти муосири замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Беш аз 1000 таҷҳизоти ҳушдордиҳандаи ҳушманд дар тамоми бино тибқи талабот васл гардидааст.

Барои варзишгарон 4 ҳуҷраи махсуси либосивазкунӣ бо 104 ҷой сохта шудааст, зеро стандарти ФИФА барои баргузории мусобиқаҳои калон ва бозиҳои пайдарпай мавҷудияти камаш 4 ҳуҷраи алоҳидаро талаб мекунад.

Барои меҳмонони расмӣ ва фахрӣ 1 ҳуҷраи VVIP бо 32 ҷой, 34 ҳуҷраи VIP бо 306 ҷой ва 26 ҳуҷраи CIP бо 416 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Мавҷудияти ин ҳуҷраҳои муосири Skybox шарти асосии ФИФА барои қабули меҳмонони дараҷаи олӣ ва баланд мебошад.

Илова бар ин, дар иншоот ҳуҷраҳои зиёди хизматрасонӣ ва ҳамомҳо пешбинӣ шудааст, ки ба меъёрҳои баланди санитарию техникӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Намои асосии Варзишгоҳи миллӣ аз панелҳои муосири алюминӣ сохта шудааст. Шабона намои бино ба як қисми муҳими симои визуалии варзишгоҳ табдил ёфта, дар он дар маҷмуъ беш аз 30 000 метр системаи муосири проексияи медиавӣ насб гардидааст.

Низоми муосири проексияи медиавӣ имкон медиҳад, ки тасвирҳо, графика ва барномаҳои гуногуни визуалӣ мустақиман дар намои бино нишон дода шавад.

Варзишгоҳ дорои таваққуфгоҳи васеъ барои зиёда аз 750 воситаи нақлиёт буда, масоҳати сабзкоришуда беш аз 3 ҳазор метри мураббаъро бо дарахтони ҳамешасабзу гулу буттаҳо ташкил медиҳад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи миллиро, ки ба муносибати ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид, барои мардуми Тоҷикистон туҳфаи арзанда номиданд.

Бояд гуфт, ки варзишгоҳи миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат ва зебоии худ камназир аст ва бо чунин тарҳ дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад.

Ҳамакнун ба муносибати истиқболи сазовор аз 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти муҳташам – «Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон» мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ дар пойтахти ватани маҳбубамон қомат афрохт.

Акнун Тоҷикистонро дар баробари ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ дар мавриди обу иқлим ва сулҳу суботи ҷаҳон, ҳамчунин чун ташаббусгари сатҳи байналмилалӣ дар самти рушди футбол медонанд. Тавре огоҳӣ доред, бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳамасола шуруъ аз соли 2024 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷашн гирифта мешавад.

Натиҷаҳои ҳамин таваҷҷуҳ ва дастгириҳо буд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мунтахаби футболи то синни 17-солаи Тоҷикистон чор маротиба ба мусобиқоти бонуфузтарини сайёра, Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт. Тоҷикистон ба макони баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии CAFA табдил ёфт,ки давоми даҳсолаи охир беш аз 30 маротиба мизбони чунин мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ гардид.

Барои рушди футбол, махсусан дар байни кӯдакону наврасон аз ҷониби роҳбарияти Конфедератсияи футболи Осиё  Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ шуд.

Дар идомаи тадбирҳои созандагии Пешвои маҳбуби миллат варзишгоҳи муҳташами муосир имконияти Тоҷикистони азизро дар мизбонии мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва мукаммалсозии дӯстии байни халқу миллатҳои сайёра боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.

Минбаъд футболбозони тоҷик дар ин варзишгоҳи мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба тамрин машғул гардида, муваффақиятҳои худро афзун менамоянд ва парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ боло мебардоранд.

Алоҳида қайд кардан зарур аст, ки сифати баргузории бозиҳо ва пахши мустақими телевизиониро таҷҳизоти бениҳоят пуриқтидори технологӣ ва акустикӣ таъмин менамоянд.

Чунин майдони бошукӯҳи варзишӣ на танҳо барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд, балки ҷиҳати беҳтар намудани фардои футболи меҳан имкониятҳои бештарро фароҳам намуда, ба такмили истеъдодҳои ҷавон ва барпо намудани чорабиниҳои муҳташами фарҳангиву фароғатӣ мусоидат хоҳад намуд.

Сиёсати варзишдӯстии Пешвои маҳбуби миллат баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, дастовардҳои шоистаи варзишӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва амалӣ намудани ормону орзуҳои чандинсолаи халқи азизамон имониятҳои зиёд ба вуҷуд овард ва дар ақоси олам барои муаррифии дигарбораи Тоҷикистони маҳбуб масири пуршараф боз кард.

Ин ғамхориҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди  кишвари азизамонро водор менамояд, ки  содиқона ба ғояҳои тамадунофари тоҷикон хизмат намоянд.

 

Назари худро бинависед