Мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои ФИФА-и моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад.

23 сентябр мунтахаби мо бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку баргузор мешавад.

Пас аз ин мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Чунтсини Чин сафар карда, ду бозии дӯстонаи дигар анҷом медиҳад. 2 октябр шогирдони Игор Ангеловски бо мунтахаби Фаластин ва 6 октябр бо тими миллии Чин бозӣ мекунанд.

Омодагии яккачини Тоҷикистон ба бозиҳои дарпешистода аз 17 сентябр оғоз мешавад.

Назари худро бинависед