Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозии ниҳоии худро дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ анҷом дод. Дастаи мо дар даври чорякниҳоии мусобиқот аз тими Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд.
Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии – 2:2 ба анҷом расид. Дар серияи пеналти бахт ба ҷониби дастаи Кореяи Ҷанубӣ буд – 5:3.
Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 чаҳор бозӣ доир кард. Қаблан наврасони мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар тимҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Кореяи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрда буданд.
Ҳамин тариқ, дастаи наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини бо роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, ба Ватан бармегардад.