Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон бозиҳои дӯстона анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон бозиҳои дӯстона анҷом дод

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо тими миллии Ӯзбекистон ду бозии дӯстона анҷом дод.

Бозиҳо дар шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 8:1 ва 1:0 ба фоидаи футзалбозони Ӯзбекистон хотима ёфтанд.

Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар ин вохӯриҳои дӯстона як қатор бозигарони навро, ки аввалин маротиба ба тими миллии кишвар даъват шуданд, дар амал санҷид.

Қобили зикр аст, ки имсол тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 16 то 24 сентябр баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Назари худро бинависед