Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 тими миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар шаҳри Остона ду бозии дӯстона анҷом дод.
Рақиби тими мо барандаи зинаи чоруми чемпионати ҷаҳон-2021 яккачини Қазоқистон буд.
Дар бозии дӯстонаи якум мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Вохӯрии дуюм сергол гашт. Дар ҷараёни нерӯсанҷӣ дастаи Тоҷикистон ду маротиба бо ҳисоби 1:0 ва 3:2 пешсаф буд, вале натиҷаи пирӯзиро нигоҳ дошта натавонист ва дар ниҳоят бо ҳисоби 3:4 бохт. Аз ҳайати дастаи мо Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев ва Идрис Ёров гол заданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон то Ҷоми ҷаҳон-2024 дар Душанбе боз ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. 5 сентябр бо Испания ва 8 сентябр бо Нидерландҳо рақобат мекунад. Ҳардуи ин вохӯриҳо дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.