Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии дӯстона бар дастаи АМА ғалаба кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии дӯстона бар дастаи АМА ғалаба кард

Бозии якуми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 бо пирӯзии тими ҷавонони мо анҷом ёфт.

Голҳоро аз ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Салам Ашӯрмамадов, Азизбек Ҳайитов ва Меҳроб Асоев ба самар расониданд. Голи ягонаи меҳмононро Ал-Ҷуниби Ҳазза ба номаш сабт сохт. 

4-уми июн тимҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар Душанбе вохӯрии дувуми дӯстонаро анҷом медиҳанд. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-20) – АМА (U-20) – 3:1

Голҳо: Салам Ашӯрмамадов, 24 (1:0). Азизбек Ҳайитов, 67 (2:0). Меҳроб Асоев, 90+1 – аз пеналти (3:0). Ал-Ҷуниби Ҳазза, 90+3 (3:1).

2 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1100 тамошобин.

Назари худро бинависед