Мавсими даҳуми лоиҳаи «Тcell – Футбол ба назди шумо меояд» зиёда аз 30 ҳазор кӯдакро фаро гирифт – Федерация Футбола Таджикистана

Мавсими даҳуми лоиҳаи «Тcell – Футбол ба назди шумо меояд» зиёда аз 30 ҳазор кӯдакро фаро гирифт

Мавсими даҳуми лоиҳаи футбол барои кӯдакон «Футбол ба назди шумо меояд», ки бо дастгирии ширкати Tcell баргузор шуд, беш аз 30 ҳазор кӯдакро дар тамоми манотиқи кишвар фаро гирифт.

Дар мавсими ҷашнии лоиҳаи «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» дар маҷмуъ 34 ҳазору 841 кӯдак аз 39 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ҷалб карда шуданд. Дар мусобиқаи шаҳри Душанбе 6617 нафар, дар вилояти Суғд 17363 нафар, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 3795 нафар, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 3700 нафар, дар ШНТМ 2568 нафар ва дар ВМКБ 798 нафар иштирок намуданд.

Лоиҳаи «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» дар ду марҳила сурат гирифт. Дар аввал шумораи номаҳдуди дастаҳо ширкат карданд. 12 дастаи беҳтаринӣ дар се категорияи синну сол – байни кӯдакони то 7, 9 ва 11-сола ба қисми ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

«Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» дар таърихи худ теъдоди зиёди кӯдаконро ба футбол ҷалб кардааст. Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа бедор намудани муҳаббати кӯдакон ба футбол ва тарзи ҳаёти солим мебошад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Конфедератсияи футболи Осиё лоиҳаи Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон – «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд»-ро яке аз беҳтарин лоиҳаҳои оммавӣ – мусобиқаи намунавии футболи оммавӣ дар қитъаи Осиё эътироф карда буд.

Назари худро бинависед