Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврал шурӯъ мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврал шурӯъ мешавад

Марҳилаи ниҳоии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2022 рӯзи чоршанбеи 16-уми феврал шурӯъ мешавад. Дар марҳилаи ниҳоӣ, ки то 26-уми феврал идома меёбад, ҳашт даста ба ду гурӯҳи чаҳордастаӣ ҷудо шуда мубориза мекунанд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон ва бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар марҳилаи интихобӣ дар минтақаи Душанбе дар гурӯҳҳои худ мақомҳои аввалро ишғол карда буданд, алоқамандона ба иштирокашон дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Анталияи Туркия, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФФТ-2022 ширкат намеварзанд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2022 дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Истаравшан» (Истаравшан) ва дар гурӯҳи «Б» бошад дастаҳои «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Файзканд» (Восеъ), «Хатлон» (Бохтар), «Спитамен» (Спитамен) баромад мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 26-уми феврал дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

 

Ҷоми ФФТ-2022. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Истаравшан» (Истаравшан).

Гурӯҳи «Б»: «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Файзканд» (Восеъ), «Хатлон» (Бохтар), «Спитамен» (Спитамен).

 

Даври 1-ум

16 февраля (среда)

Группа «А»

10:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – КМВА – «Ҳосилот». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Гурӯҳи «Б»

10:00 – «Кӯктош» – «Спитамен». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Файзканд» – «Хатлон». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 2-юм

18 феврал (ҷумъа)

Гурӯҳи «А»

10:00 – «Истаравшан» – «Ҳосилот». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Регар-ТадАЗ» – КМВА. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

Гурӯҳи «Б»

10:00 – «Кӯктош» – «Файзканд». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Спитамен» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 3-юм

20 феврал (якшанбе)

Гурӯҳи «А»

10:00 – КМВА – «Истаравшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Гурӯҳи «Б»

10:00 – «Файзканд» – «Спитамен». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Хатлон» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

Бозиҳои ниманиҳоӣ

23 феврал (чоршанбе)

10:00 – Бозии ниманиҳоии якумҲисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – Бозии ниманиҳоии дуюмДушанбе, Варзишгоҳи марказӣ 

26 феврал (шанбе)

10:00 – Бозӣ барои ҷои сеюмҲисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – Финал. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед