Лигаи касбии футзали Тоҷикистон: пешсафон мавқеашонро мустаҳкамтар мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон: пешсафон мавқеашонро мустаҳкамтар мекунанд

Дастаҳои пешсафи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон –”Соро компания”-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд, дар даври чоруми мусобиқа, ки рӯзи чоршанбеи 5-уми август доир гардид, рақибони худро бо ҳисоби бузург шикаст доданд.

«Соро компания» дар майдони худ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 12:0 ғолиб омад. Дар ҳайати дастаи ғолиб Умед Қузиев чор гол ва Муҳаммад Раҷабов се гол заданд.

«Сипар» дар меҳмонӣ бар «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 13:5 пирӯз шуд. Дар дастаи меҳмон Собирҷон Гулаков панҷ гол ба самар расонд.

Дар бозии дигар «Муҳоҷир»-и Душанбе дар майдони худ «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 6:3 мағлуб кард. Ду голи мизбононро Самандар Ризомов ба ҳадаф расонд.

Аз рӯи натиҷагирии чор даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» бо 12-имтиёзӣ пешсафанд. Дар бозии марказии даври панҷум рӯзи шанбе, 8-уми август, “Сипар” дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и Хуҷанд бо “Соро компания” рақобат мекунад.

Ду бозии дигари даври панҷуми мусобиқа миёни дастаҳои «Истаравшан» – «Самандар» ва «Равшан» – «Муҳоҷир» баргузор мешавад.

 

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

 

Б Ғ М Б Т И
1 «Соро компания» (Душанбе) 4 4 0 0 39-5 12
2 «Сипар» (Хуҷанд) 4 4 0 0 33-14 12
3 «Муҳоҷир» (Душанбе) 4 2 0 2 16-19 6
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 4 1 0 3 19-25 3
5 «Равшан» (Кӯлоб) 4 1 0 3 19-37 3
6 «Самандар» (Турсунзода) 4 0 0 4 17-43 0

 

Нишонзанҳо: Собирҷон Гулаков («Сипар») – 11 тӯб, Муҳаммад Раҷабов («Соро компания») – 8 тӯб, Иқбол Воситзода («Сипар») – 7 тӯб, Насим Шарипов («Соро компания»), Некрӯз Алимаҳмадов (ҳарду аз «Соро компания») – 5-тӯбӣ.

 

Даври 5-ум

8 август (шанбе)

16:00 – «Истаравшан» – «Самандар»

16:00 – «Сипар» – «Соро компания»

16:00 – «Равшан» – «Муҳоҷир»

Назари худро бинависед