Имрӯз, 26 декабр дар толори «Кохи Суруш»-и Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ дар соли 2024 эълон шуданд.
Дар ин маросим аз рӯи натоиҷи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, чемпионати ҷавонон ва лигаи якум дар маҷмуъ ғолибон аз рӯи понздаҳ номинатсия муайян гардиданд.
Ҷоизаи беҳтарин бозигари Тоҷикистон бори чаҳорум ба ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии кишвар Манучеҳр Ҷалилов, ки дар соли 2024 бо ҳабдаҳ гол нишонзани беҳтарини чемпионати Тоҷикистон эътироф гардид, дода шуд. Қаблан Манучеҳр Ҷалилов дар солҳои 2015, 2016 ва 2022 беҳтарин футболбози кишвар гардидааст.