Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон-2020: пешсафон имтиёзҳоро тақсим карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон-2020: пешсафон имтиёзҳоро тақсим карданд

Бозиҳои даври чоруми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона рӯзи чоршанбе, 15-уми июл, баргузор шуданд. Дар се бозии ин давр мизбонон ғолиб омаданд, як дидор бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом пазируфт.

Бозии марказии даври чорум миёни пешсафони ҷадвали мусобиқа – “Хатлон”-и Бохтар ва “Зебо”-и Дӯстӣ бо ҳисоби баробари 2:2 ба анҷом расид. Баъди ду голи мизбонон  футболбоззанони Бохтар, ки онҳоро Сайрамҷон Холназарова ва Лайло Ҳалимова ба самар расонданд, меҳмонон бо ду гол посух доданд. Ҳарду голро Меҳрангез Шарипова зад ва «Зебо»-ро аз бохт наҷот дод.

Дар бозиҳои дигари даври чорум “Зебонисо”-и Душанбе бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 4:0, «Бешкент»-и Носири Хусрав бар “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 7:1, “Ҳосилот”-и Фархор бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ва “Барқ”-и Норак бар «Чашма»-и Шаҳритус бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқа дастаҳои «Хатлон» ва «Зебо», ки 10-имтиёзӣ гирифтаанд, пешқадаманд. «Зебонисо» бо 9 имтиёз дар ҷои севум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Меҳрангез Шарипова аз дастаи «Зебо», ки дар чор бозӣ ҳашт гол задааст, мақоми аввалро касб намудааст.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқа рӯзи якшанбе, 19-уми июл, миёни дастаҳои «Панҷшер» – «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» – «Бешкент», «Равшан» – «Зебонисо», «Барқ» – «Ҳосилот» ва «Зебо» – «Чашма» доир мегардад.

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои занона дар ду қисм сурат мегирад ва ҳар даста 18 бозӣ анҷом медиҳад.

 

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона. Даври 4-ум

«Хатлон» – «Зебо» – 2:2

Голҳо: Сайрамҷон Холназарова, 25 (1:0). Лайло Ҳалимова, 37 (2:0). Меҳрангез Шарипова, 38 (2:1). Меҳрангез Шарипова, 76 (2:2).

 

«Ҳосилот» – «Равшан» – 1:0

Гол: Сабрина Хайруллозода, 28.

 

«Зебонисо» – «Регар-ТадАЗ» – 4:0

Голҳо: Марҷона Саидова, 54 (1:0). Мадина Фозилова, 63 – аз пеналтӣ (2:0). Шукронаи Ҷумъахон, 67 (3:0). Нисо Абдуллоева, 73 – аз пеналтӣ (4:0).

 

«Бешкент» – «Панҷшер» – 7:1

Голҳо: Фотима Раҳмонова, 5 (1:0). Рафина Нормуродова, 11 (2:0). Рафина Нормуродова, 12 (3:0). Нозанин Олимова, 26 (3:1). Рафина Нормуродова, 38 (4:1). Рафина Нормуродова, 60 (5:1). Фазилат Гулбоева, 70 (6:1). Фазилат Гулбоева, 73 (7:1).

 

«Чашма» – «Барқ» – 1:2

Голҳо: Матлуба Сафарова, 8 (0:1). Матлуба Сафарова, 15 (0:2). Умеда Ҷалилова, 53 (1:2).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Зебо» (Дӯстӣ) 4 3 1 0 16-2 10
2 «Хатлон» (Бохтар) 4 3 1 0 13-3 10
3 «Зебонисо» (Душанбе) 4 3 0 1 21-2 9
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 2 0 2 17-5 6
5 «Бешкент» (Носири Хусрав) 4 2 0 2 11-6 6
6 «Чашма» (Шаҳритус) 4 2 0 2 8-14 6
7 «Барқ» (Норак) 4 2 0 2 3-14 6
8 «Ҳосилот» (Фархор) 4 1 1 2 2-9 4
9 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 4 0 1 3 3-28 1
10 «Равшан» (Кӯлоб) 4 0 0 4 0-11 0

 

Нишонзанҳо: Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 8 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 7 тӯб, Зулайхо Сафарова («Регар-ТадАЗ»), Лайло Ҳалимова («Хатлон»), Мадина Фозилова («Зебонисо») – 6 тӯбӣ.

 

Даври 5-ум

19 июл (якшанбе)

«Панҷшер» – «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» – «Бешкент»

«Равшан» – «Зебонисо»

«Барқ» – «Ҳосилот»

«Зебо» – «Чашма»

Назари худро бинависед