Лигаи бонувони Тоҷикистон-2020: нахустин гол ва аввалин пирӯзии «Равшан» – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи бонувони Тоҷикистон-2020: нахустин гол ва аввалин пирӯзии «Равшан»

Рӯзи якшанбеи 26 июл бозиҳои даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона баргузор шуданд.

Дар бозии марказии давр “Зебонисо” -и Душанбе бар “Зебо” –и ноҳияи Дӯстӣ бо ҳисоби калони 4 бар 0 пирӯз шуд. Ду голи ғолибонро Рӯзигули Ҳасан ва як голии дигарро Амина Собирова ва Некубахт Худододова ба самар расониданд

Дастаи “Хатлон” дар ин давр дар Турсунзода бо ҳисоби 3 бар 0 “Реар-ТадАЗ»- ро мағлуб сохта ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқа баромад.

Дар ин давр “Равшан” ғалабаи нахустинашро ба даст овард. Бонувони кӯлобӣ дар майдони худ бар “Панҷшер” бо ҳисоби 1 бар 0 зафар ёфтанд. Голи ягонаро Гулфайрӯз Ҳазратова ба нишон зад. Қобили қайд аст, ки ин нахустин голи бонувони “Равшан” дар мусобиқаи имсола аст.  Дар ду бозии диар «Бешкент» бо ҳисоби бузурги 11:0 бар «Барқ» ва «Ҳосилот» бо ҳисоби минималии 1:0 бар «Чашма» дастболо шуданд.

 

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона. Даври 7-ум

«Зебонисо» – «Зебо» – 4:0

Голҳо: Амина Собирова, 2 (1:0). Рӯзигули Ҳасан, 57 (2:0). Рӯзигули Ҳасан, 68 (3:0). Некубахт Худододова, 88 (4:0).

Аз майдон хориҷ шудМанзура Ҳазратқулова («Зебо»), 58 – корти 2-юми зард.

 

«Равшан» – «Панҷшер» – 1:0

Гол: Гулфайрӯз Ҳазратова, 18 – аз пеналти.

 

«Бешкент» – «Барқ» – 11:0

Голҳо: Фотима Раҳмонова, 5 (1:0). Рафина Нормуратова, 8 (2:0). Рафина Нормуратова, 20 (3:0). Фозилат Гулбоева, 35 (4:0). Рафина Нормуратова, 47 (5:0). Рафина Нормуратова, 50 (6:0). Гузал Юсупова, 56 (7:0). Рафина Нормуратова, 60 (8:0). Рафина Нормуратова, 63 (9:0). Нилуфар Аллаярова, 65 (10:0). Рафина Нормуратова, 75 (11:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Амина Давлатова («Барқ»), 67 – корти 2-юми зард.

 

«Чашма» – «Ҳосилот» – 0:1

Гол: Маҳинаи Абдулфаттоҳ, 6.

 

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 0:3

ГолҳоЛайло Ҳалимова, 10 (0:1). Лайло Ҳалимова, 63 (0:2). Шукрона Азимзода, 79 (0:3).

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 7 6 1 0 45-4 19
2 «Зебонисо» (Душанбе) 7 6 0 1 56-2 18
3 «Зебо» (Дӯстӣ) 7 5 1 1 35-7 16
4 «Бешкент» (Носири Хусрав) 7 4 1 2 28-6 13
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде) 7 3 1 3 30-8 10
6 «Барқ» (Норак) 7 3 0 4 5-38 9
7 «Ҳосилот» (Фархор) 7 2 1 4 4-19 7
8 «Чашма» (Шаҳритӯс) 7 2 0 5 8-38 6
9 «Равшан» (Кӯлоб) 7 1 0 6 1-35 3
10 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 7 0 1 6 4-59 1

 

Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 24 гол, Рафина Нормуратова («Бешкент») – 20 гол, Мадина Фозилова («Зебонисо») – 19 гол, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 16 гол, Зулайхо Сафарова («Регар-ТадАЗ») – 11 гол.

 

Дар даври 8-ум вомехӯранд:

29 июл (чоршанбн)

«Хатлон» – «Ҳосилот»

«Зебонисо» – «Чашма»

«Бешкент» – «Зебо»

«Панҷшер» – «Барқ»

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан»

Назари худро бинависед